Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Суғд: Дар соли равон таъмир ва сохтмони 101 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати тандурустии вилояти Суғд вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсати мазкур ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли равон доир гашт.
Ба навиштаи манбаъ, дар ҷаласаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ва доираи васеи кормандону масъулини соҳаи тандурустии вилояти Суғд иштирок намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 980 адад таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас карда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилоят мусоидат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки дар соли ҷорӣ таъмир ва сохтмони 101 адад муассисаи соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 944 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаи госпиталӣ, 808 сохтори КАТС ва 293 хусусӣ, ки аз онҳо 157 ҷамъияти дорои масъулияташон маҳдуд бо 58 намояндагӣ ва 78 соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, фаъолият менамоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”