27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
24.10.2025 15:20

Низои миёни Трамп ва ширкати Кока-кола шиддат гирифт

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки изҳороти Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди истифодаи қанди найшакар дар нӯшокии маъруфи Кока-кола боиси баҳсҳои ҷиддӣ шудааст.

Ҷон Мерфи, мудири молиявии ширкати “Кока-кола” дар суҳбат бо “Блумберг” гуфт, ки истеҳсоли версияи “аслӣ” –и ин нӯшокӣ бинобар камбудии ин маводи хом дар бозори Амрико бо сустӣ пеш меравад.

“Иҷрои ин тарҳ тадриҷӣ хоҳад буд, зеро миқдори найшакари мавҷуд дар Амрико маҳдуд аст” – зикр кардааст ӯ.

Ширкати “Кока-кола” дар даҳаи 1980 баъд аз боло рафтани нархи ҷаҳонии қанд ва маҳдудиятҳои воридотӣ истифодаи найшакар ва лаблабӯро қатъ намуда, ба ҷои он шарбати ҷуворимаккаро ҷойгузин кардааст, ки дар Амрико арзонтар ва дастрастар мебошад. Бо ин вуҷуд, нӯшокиҳои тавлидшудаи Мексика, ки ҳамоно бо найшакар омода мешаванд, дар бозори Амрико рӯз ба рӯз маъруфият пайдо кардаанд.

Доналд Трамп дар моҳи июли соли ҷорӣ бо шуру ҳайяҷон гуфта буд, ки бо роҳбарони Кока-кола дар хусуси истифодаи қанди воқеӣ гуфтугӯ намудааст ва ширкат бо ин тағйир розӣ шудааст. Вале вокуниши расмии Кока-кола фарқ мекард. Ширкат фақат ваъда дод, ки ба зудӣ ҷузъиёти бештар дар хусуси инноватсияҳои нав дар маҷмуи маҳсулоти худ эълон хоҳад кард.

Танишҳо вақте шиддат гирифтанд, ки Кока-кола аз изҳороти Трамп дар бораи истифодаи найшакар интиқод намуд ва гуфт, ки шарбати ҷуворимакка низ амн аст ва аз лиҳози калория ва усули мубодилаи моддаҳо фарқи чашмгире бо қанд надорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.