Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шикваи Литва: “Ҷангандаҳои Русия вориди ҳарими ҳавоии мо шуданд”
Масъулони артиши Литва бо нашри як изҳорот таъкид намуданд, ки рӯзи гузашта ду ҷангандаи русӣ барои муддати кӯтоҳ вориди ҳарими ҳавоии кишварашон шуд.
Бар асоси изҳороти артиши Литва як ҳавопаймои ҷангии Сухой-30 ва як ҳавопаймои таъминкунандаи сӯзишвории Ил-78 тақрибан 18 сония дар фазои ҳавоии ин кишвар қарор доштаанд. Дар пайи ин ҳодиса ҷангандаҳои Испания, ки дар доираи миссияи ҳавоии НАТО дар минтақи Балтика қарор доранд, барои вокуниш ба ин ҳаракати ҷангандаҳои русӣ ба парвоз даромаданд.
Инга Ругинене, сарвазири Литва дар вокуниш ба ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки “ин ҳодиса боз собит намуд, ки Русия мисли як кишвари террористӣ рафтор мекунад ва ба қонунҳои байналмилалӣ ва амнияти ҳамсоягонаш ҳич эҳтиром намегузорад”.
Ҷумҳурии Литва узви НАТО буда, ҳаммарз бо Федератсияи Русия мебошад.
Мақомоти ҳукумати Русия борҳо ин кишварро ҳушдор дода буданд, ки аз ҳимоят ва пуштибонии артиши Украина даст кашад.
Ба навиштаи расонаҳои Русия Литва яке аз марказҳои муҳимми НАТО аст ва неруҳои НАТО аз тариқи ин кишвар ба артиши Украина кумак мерасонанд.
Ворид шудани ҷангандаҳои русӣ ба ҳарими ҳавоии Литва ҷанги Украинаро вориди марҳилаи нав кардааст.
Музокироти Доналд Трамп ва Владимир Путин барои поёни ҷанги Украина ҳанӯз натиҷае дар бар надоштааст.
Бар асоси иттилои расонаҳо қарор аст мулоқоти Путин ва Трамп дар Будапешт баргузор шавад. Дар ин мулоқот масъалаи оташбас ва поёни ҷанг муҳокима хоҳад шуд.
Рӯзи гузашта бархе расонаҳои русӣ гузориш доданд, ки Владимир Путин бо бархе мақомоти Русия дар борои омода шудан барои поёни ҷанги Украина суҳбат кардааст. Аммо дар ин маврид ҳанӯз маълумоти расмӣ вуҷуд надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”