Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Барои 72 омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара хонаи истиқоматӣ туҳфа мегардад
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад.
Ба навиштаи манбаъ, сохтмони биноҳо дар масоҳати 1430 метри мураббаъ дар кӯчаи Исмат Шарифи шаҳраки Данғара ба нақша гирифта шуда, дар 3 сол омода хоҳанд шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳарду бино аз нуҳ ошёна иборат буда, 36 хонаи дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 67,84 метри мураббаъ ва 36 хонаи якҳуҷрагӣ бо масоҳати 52,80 метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ки сохтмонҳои мазкур барои таъмини 72 оилаи омӯзгор бо манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидаанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки дирӯз, 23-юми октябр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иштирок намуданд ва ҳамин ҷо бо лоиҳаи бунёди ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара шинос шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”