Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Маҷлиси Олии Тоҷикистон идомаи мудирияти Эрон бар неругоҳи “Сангтӯда-2”-ро тасдиқ кард
Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қарордоди мудирияти НБО “Сангтӯда-2” миёни Эрон ва Тоҷикистонро тасдиқ кард ва муҳлати бозпардохти сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин лоиҳаро ба 6 солу 4 моҳ тамдидс намуд. Ин иқдом заминаи ҳамкориҳои бештари энергетикӣ ва иқтисодии миёни ду кишварро таҳким мебахшад.
Рӯзи панҷшанбе Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқ намудани тағйироти қарордоди миёни Эрон ва Тоҷикистон муҳлати бозпардохти сармоягузории Эрон дар неругоҳи Сантӯда -2 –ро тасдиқ кард.
Тибқи иттилои расонаҳои Тоҷикистон ин тасмим баъд аз созиши намояндагони баландпояи Теҳрону Душанбе дар 8-умии июни соли ҷорӣ қабул гардида, фарогирандаи тамдиди муҳлати бозпардохти қарордоди хариди барқ миёни ширкатҳои давлатии “Барқи тоҷик” ва ширкати эронии “Сангоб” мебошад.
Бар асоси созиши ибтидоӣ ҷониби Тоҷикистон бояд маблағи сармоягузории Эронро то моҳи августи соли оянда пардохт мекард, вале мувофиқи тағйироти нав муҳлати ин қарордод ба 6 солу 4 моҳ дароз карда шуд.
Ҳисоби умумии хароҷоти сохтмони неругоҳи Сангтӯда-2 беш аз 256 миллион доллар гуфта мешавад. 180 миллион доллар аз ҷониби ҳукумати Эрон, 36 миллион доллар аз сӯи ширкати Сангоб ва 40 миллион доллар аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таъмин гардидааст.
Аз соли 2012 то поёни соли 2023 ширкати “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳ 8, 9 миллиард киловатт-соат барқ харидорӣ кардааст, ки арзиши умумии он 451, 5 миллион доллар буда, то ҳоло фақат 122, 5 миллион доллар пардохт шудааст.
Бар асоси муқаррароти ислоҳия дар тӯли 6 солу 4 моҳи оянда маблағи тавофуқ бо созиш ба Эрон пардохт мешавад ва пас аз анҷоми ин муҳлат моликияти неругоҳ ба ширкати “Барқи тоҷик” интиқол меёбад.
Неругоҳи Сангтуда-2 бо иқтидори 2020 мегаватт дар рӯди Вахш, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воқеъ аст. Бунёди он аз даҳаи 1980 оғоз шуд, вале баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, бинобар набудани маблағи кофӣ қатъ гардид. Эрон аввалин бор дар соли 1995 омодагии худро барои анҷоми ин лоиҳа эълон кард ва корҳои сохтмонӣ дар феврали соли 2006 аз сӯи ширкатҳои Сангоб, Фароб, Маҳоб Қудс ва Морун оғоз шуд. Воҳидҳои неругоҳ дар солҳои 2011 то 2013 ба истифода дода шуданд.
Ба назари коршиносон тамдиди ин созиш на фақат ҳамкориҳои энергетикӣ ва иқтисодии миёни Эрон ва Тоҷикистонро осон месозад, балки заминаи фаъолият ва ҳузури ширкатҳои техникӣ ва муҳандисии Эрон дар тарҳҳои зерсохтории Осиёи Марказиро таҳким мебахшад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”