Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия аз оташбаси Афғонистону Покистон истиқбол кард
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, ки кишвараш аз оташбаси бадастомадаи миёни Кобул ва Исломобод бо миёнҷигарии мақомоти Қатару Туркия ва қатъи даргириҳо дар марзи Афғонистон ва Покистон истиқбол мекунад.
Мария Захарова дар изҳороте , ки дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шуд, гуфт: “Вафодории Иморати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба гуфтугӯ ва ҳалли ихтилофот ба воситаи роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ пояи асосии ҳифзи сулҳи миёни ин ду кишвари дӯст ва омили муҳимми таъмини амнияти минтақа мебошад”.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав аз Кобул ва Исломобод даъват мекунад, то ҳамкориҳои худро, аз ҷумла дар бахши мубориза бо терроризм густариш диҳанд.
Қаблан, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳукумати муваққатии гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон дар ҷараёни давраи нави музокирот, ки бо миёнҷигарии Қатару Туркия дар шаҳри Давҳа доир шуд, дар хусуси иҷрои фаврии оташбас ва таъсиси механизмҳо барои таҳкими сулҳу суботи пойдор ба созиш расида буданд.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар низ бо истиқбол аз ин созиш гуфт, ки ин иқдоми муҳим метавонад ба танишҳои марзии миёни ду кишвар поён бахшад ва заминасоз барои сулҳи пойдор дар минтақа гардад.
Дар рӯзҳои ахир танишҳои марзии миёни Покистон ва Афғонистон ба авҷ расида, боиси даргириҳои хунбор ва баста шудани гузаргоҳҳои тиҷоратии миёни ду кишвар гардида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”