Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар UFC муҳорибаҳои рамзкорони тоҷик лағв шуданд
Тибқи иттилои расмӣ, муҳорибаҳои варзишгарони тоҷик Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар UFC лағв шуданд.
Муин Ғафуров бояд муҳорибаи навбатиашро 2-юми ноябр дар мусобиқаи UFC Fight Night бо размкори амрикоӣ Майлс Джонс мегузаронд, вале бинобар хабарҳои охир, вақти тамрин пойи ӯ ҷароҳат бардошта, аз муҳориба даст кашидааст. Ҳоло маълум нест, ки ташкилоти UFC муҳорибаи мазкурро ба кадом мусобиқа мегузаронад.
Ҳамчунин, размкори дигари тоҷик Муҳаммад Наимов бояд 22-юми ноябр дар Қатар бо варзишгари бразилӣ Майрон Сантос муҳориба мегузаронд, вале ин муҳорибаро ба мусобиқаи UFC 323, ки 7-уми декабр доир мегардад, гузаронданд.
Дар ин росто, UFC дар сомонаи расмиаш дар мусобиқаи UFC 323 муҳорибаи Муҳаммад Наимов ва Майрон Сантосро ҷой кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Муин Ғафуров дар UFC чор муҳориба гузаронида, ду ғалаба ва ду бохт дорад. Муҳаммад Наимов бошад, дар ташкилоти UFC шаш муҳориба гузаронида, панҷ ғалаба ва як бохт дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”