27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
23.10.2025 12:30

Данғара: Ба истифода додани бинои нави раёсати маориф

Дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави Раёсати  маорифи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои бошукўҳ аз 7 ошёна ва 157  ҳуҷраи корӣ иборат буда, он дар доираи истиқболи  сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои ду маҷлисгоҳи  барҳаво дар маҷмуъ бо 500 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамзамон дар бино 2 лифти замонавӣ насб гардидааст.

Бино дорои китобхона ва ошхона бо 140 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои мусоиди корӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад. 

Шароити фароҳамгардида дар бинои нав барои 40 корманд имконият медиҳад, ки минбаъд аҳли маориф фаъолияти худро ҷоннок намуда, дар рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму табрияи насли худогоҳу ватандӯст саҳми намоён гузоранд.

Ҳоло дар ноҳияи Данғара 85  муассисаи таълимӣ бо фарогирии 53 ҳазору 646 хонанда фаъолият дорад. Соли равон тибқи Квотаи Президентӣ 18 хатмкарда ба макотиби олии кишвар дохил шуданд, ки 9 касашон духтарон мебошанд. Ҳамзамон барои таҳсили солҳои 2025-2026 454 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар идомаи таҳсили соли 2025 хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 171 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 22 медали нуқра ва 136 медали биринҷӣ, гардиданд.   

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар пас аз шиносоӣ бо иншооти нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба аҳли маорифи ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тадрис, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ  ва риёзӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.