Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ғалабаи муҳим. “Истиқлол” “Аз-Завра”-ро шикаст дода, мавқеашро устувор кард
Шоми гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо тими “Аз-Завра”-и Ироқ дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё рақобат кард.
Вохӯрии мазкур бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бошгоҳи “Истиқлол” анҷом ёфт.
Гуфтан бамаврид аст, ки меҳмонон ҳанӯз дар дақиқаи 4-ум ба дарвозаи бошгоҳи “Истиқлол” ба задани гол даст ёфтанд. Ҳамин тавр, футболбозони “Истиқлол” дар дақиқаҳои 20 ва 84-ум ба дарвозаи “Аз-Завра”-и Ироқ ду гол ворид карданд ва ғалаба ба даст оварданд. Голҳои “Истиқлол”-ро Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Комолафе ба самар расонданд.
Дар ҳоли ҳозир дар гурӯҳи “D” бошгоҳи “Ан-Наср” бо 9 имтиёз дар ҷойи якум қарор дорад. Бошгоҳи “Истиқлол” 6 хол дошта, дар ҷойи дуюм аст. Бошгоҳҳои “Аз-Завра” дар ҷойи 3-юм ва “Гоа” дар мақоми 4-ум қарор доранд.
Ҳамин тавр, дар бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё “Истиқлол” дар сафар бо “Аз-Завра” вохӯрда, “Ан-Наср” дар майдони худ бо “Гоа” рақобат мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”