Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Данғара: Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
Ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара, имрӯз, 23 октябри соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳилаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст. Бинои таълимии рақами 2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии рақами 3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар биноҳои нави таълимӣ 9 синфхонаи озмоишӣ, 2 толори маърӯзавӣ, 1 маркази тестӣ бо фарогирии 2600 ҷойи нишаст ва 6 кафедра аз ҷумла “Биохимия ва биология” , “Фармакология ва микробиология”, “Тибби ҳарбӣ”, “Беҳдошт ва эпидемиология”, “Химияи тиббӣ ва экология” ва “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ омода карда шудаанд.
Соли 2016 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуда, 31 августи соли 2016 бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии донишгоҳ оғоз бахшида шуд. Ҳоло дар донишгоҳ дар маҷмуъ 5 ҳазору 412 ҷойи нишаст барои донишҷӯён омода карда шудааст.
Давоми 9 соли фаъолият заминаи моддию техникии Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара мукаммал гардонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ технологияи нав, дастгоҳу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор доранд.
Ба хотири густариши равобит ва ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои олӣ ва марказҳои бонуфузи илмии дохил ва хориҷи кишвар донишгоҳ 22 шартномаи ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии Қирғизистон, Донишгоҳи тиббии Ал-Форобӣ, Донишгоҳи тиббии Қарагандаи Қазоқистон, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабири ИМА ва Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубии Федератсияи Русия ба имзо расонидааст, ки то имрӯз соҳиби 5 лоиҳаи грантӣ мебошад.
Ҳоло дар донишгоҳ 10 шуъба, 2 Шурои илмӣ, 5 марказ, 5 факултет, 21 кафедра, 2 коллеҷ, китобхонаи барҳаво, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, дармонгоҳ ва озмоишгоҳи марказӣ фаъолияти самаранок доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

