Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
22.10.2025 12:04
Восеъ: Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдона
Дар деҳаи Селбури деҳоти Миралиобод корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдона ифтитоҳ гардид.
Иншооти навбунёд дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлатшоҳ Қаҳҳоров бо маблағи 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 30 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Иншооти навбунёд аз ду ошёна, бинои ёрирасон, намоишгоҳи махсуси либос, ҳуҷраи корӣ ва маркази хизматрасонии КВД Амонатбонк иборат буда, дар он истеҳсоли либосҳои махсус, мардонаву занона тибқи фармоиш ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқи харидорон аст. Дар ин коргоҳи навбунёди дӯзандагӣ 80 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдона дар як шабонарӯз имкон дорад то 100-110 либоси гуногунро истеҳсол намояд.
Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад.
Дар маҷмӯъ таҷҳизоти кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар бузургтарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26.09.2026 19:45
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки низомҳои дифои ҳавоии ин кишвар дар як шаб 945 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар минтақаҳои гуногуни Русия раҳгирӣ ва нобуд кардаанд.
26.09.2026 19:30
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Дар пайи як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Дера Исмоилхон, воқеъ дар вилояти Хайбар-Пахтунхвои шимолу ғарби Покистон, 11 нафар кушта ва 30 нафари дигар захмӣ шудаанд.
26.09.2026 19:14
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 12:18
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, ки дар сурати пазируфтани шартҳои Теҳрон аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, тангаи Ҳурмуз метавонад дар давоми ҳафт рӯз боз шавад.
26.09.2026 10:40
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки Маскав барои ҳеч гуна даргирии низомӣ бо Аврупо омодагӣ намегирад ва чунин барномае низ дар дастур надорад.
26.09.2026 10:19
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Як манбаи баландпояи амниятии Эрон гузоришҳои расонаҳои ғарбӣ дар бораи музокироти миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро “дурӯғ” хондааст.
26.09.2026 10:08
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
26.09.2026 09:54
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Размкори 32-солаи бразилӣ Карлос Пратес дар мусоҳибае бо маркази матбуоти UFC гуфт, ки то чемпион нашавад, ҳаққи мурдан надорад.
25.09.2026 18:20
Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.



