27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
23.10.2025 09:04

Тақрибан 60 фоизи амрикоиҳо ҷонибдори ба расмият шинохтани кишвари Фаластин мебошанд

Тибқи назарсанҷии муштараки хабаргузории “Рейтерз” ва муассисаи Ипсос тақрибан 59 фоизи шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷонибдори он мебошанд, ки Вашингтон кишвари Фаластинро расман шиносад.

Бар асоси натиҷаҳои пурсиш 80 фоизи ҷонибдорони Ҳизби декорат ва 41 фоиз ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз шинохти расмии кишвари Фаластин ҳимоят кардаанд. Ин дар ҳолест, ки фақат 33 фоиз ба ин иқдом мухолифат нишон додаанд.

Дар ҳафтаҳои ахир чанд кишвари ғарбӣ, аз ҷумла Британия, Фаронса, Канада ва ҳамчунин, Австралия Фаластинро расман ба расмият шинохтаанд. Ин иқдом вокуниши тунди ҳукумати Исроилро ба дунбол дошт.

Ҳамчунин, бар асоси ҳамин назарсанҷӣ тақрибан 60 фоизи ширкаткунандагон гуфтаанд, ки посухи Исроил ба ҷанги Ғазза “беш аз ҳад” будааст.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи қаноатмандӣ аз сиёсати хориҷии Доналд Трамп баъди миёнҷигарии ӯ дар масъалаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос нисбат ба моҳи июл 38 фоиз боло рафтааст.

Бо вуҷуди эълони оташбас таҳлилгарон мегӯянд, сулҳи миёни Исроил ва Ҳамос ҳанӯз “ноустувор” боқӣ мемонад, зеро масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла халъи силоҳи Ҳамос ва идораи ояндаи навори Ғазза ҳалли ниҳоии худро наёфтаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.