Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” барои эҷодкорон ва сарояндагон эълон гардид
Бинобар иттилои Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади инъикоси марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии беҳтарин шеър ва сурудро таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” эълон мекунад.
Манбаъ меафзояд, ки озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” аз рӯйи номинатсияҳои “Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”, “Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”, “Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва “Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки иштирокчиён ба гурӯҳҳои аз 11-сола то 17-сола, аз 18-сола боло ва эҷодкорони касбӣ тақсим гардида, баҳогузорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибон тибқи ин раддабандӣ дар алоҳидагӣ сурат мегирад.
Мукофотпулии озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе», ки бо сарпарастии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир мегардад, чунин муқаррар гардидааст: Барои қироат ва эҷоди шеъри беҳтарин барои ҷойҳои якум 20 000 сомонӣ, барои ҷойҳои дуюм 15 000 сомонӣ, барои ҷойҳои сеюм 10 000 сомонӣ. Барои иҷрои беҳтарин суруд ва беҳтарин суруди гурӯҳӣ дар васфи пойтахт барои ҷойҳои якум 30 000 сомонӣ, барои ҷойҳои дуюм 20 000 сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 10 000 сомонӣ.
Озмуни мазкур дар се давр баргузор гардида, аз моҳи ноябри соли ҷорӣ то моҳи январи соли 2026 гузаронида шуда, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон моҳи апрели соли 2026 дар назар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”