Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ифтитоҳи варзишгоҳи 21-ҳазорнафара дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-уми октябри соли 2025 варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъро, ки барои 21 ҳазор нафар тамошобин сохта шудааст, ифтитоҳ карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, сохтмони иншоот аз соли 2017 оғоз шуда, бо харҷи тақрибан 69 миллион сомонӣ аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ” анҷом ёфтааст.
Майдони асосии футбол бо андозаи 105 ба 68 метр ва бо чамани табиӣ фаро гирифта шудааст. Атрофи он роҳрави резинӣ барои машқҳои дав ва мусобиқаҳои варзиши сабук ҷойгир мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ бо дастаи футболи “Ҳулбук” мулоқот карда, онҳоро ба рушди маҳорати касбӣ ва муаррифии шоистаи Ватан ташвиқ намуданд.
Ин варзишгоҳ аз се ошёна иборат буда, дорои толорҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои ивазкунии либос, маҷлисгоҳ, ҷойҳои махсус барои меҳмонони фахрӣ ва чор манораи равшанидиҳандаи шабона мебошад. Ҳамчунин, дар ҳудуди он майдончаҳои иловагӣ барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ ва зеристгоҳи барқӣ сохта шудаанд.
Мақомот мегӯянд, ки иншооти нав барои рушди варзиш, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Бар асоси барномаи давлатии рушди футболи Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026, танҳо дар вилояти Хатлон сохтмони беш аз 130 иншооти варзишӣ идома дорад.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”