Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Восеъ: Ифтитоҳи Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз ҳашт ошёна иборат аст. Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук дар ошёнаи якум ва таҳхона ҷойгир шуда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин ва шароити мувофиқ барои ташхис ва табобати беморон фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи якум дорои 9 ҳуҷра буда, дар даромадгоҳ дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои мутахассисони амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ, табиби амрози занона ва қалбшинос ҷой дода шудааст.
Иловатан ҳуҷраҳои озмоишӣ ва фаросавтӣ занон фаъолият мекунанд.
Дар таҳхонаи Марказ барои ташхиси беморон дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб карда шудааст. Дастгоҳҳои ташхиси магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени скопӣ, рентгени дандон ва фаросавтӣ, аз зумраи таҷҳизотест, ки дар ҳамин қисмати Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин, дар таҳхона ҳуҷраҳои табобати физиотерапевтӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз аст.
Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Мирзоалиев бо харҷи 20 миллион сомонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ бунёд гардидааст.
Дар Маркази нави ташхисӣ 40 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”


