Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хатлон: Оғози сафари коррӣ ва ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон, имрӯз 22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ самимона пешвоз гирифтанд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар майдони 3,3 гектар бунёд гардидааст, оғоз ёфт.
Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 52 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Нишони давлатӣ бошад, 22 метр баландӣ дошта, таҳкурсии он бо санги мармар оро ёфт.
Майдони мазкур, ки дар шаҳраки Ҳулбук воқеъ аст, ба макони дилкашу тамошобоб барои сайругашти сокинон табдил ёфтааст.
Дар майдони мазкур, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”



