Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чаҳор рӯз истироҳат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон сокинони кишвар чаҳор рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин бора Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақил хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки рӯзи шанбеи 1 ноябр рӯзи корӣ ва ҷумъаи 7 ноябр рӯзи истироҳат эълон шудааст. Тағйир додани рӯзҳои истироҳат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар кардани рӯзҳои истироҳат дар соли 2025» аз 28 феврали соли 2025, No121 сурат мегирад.
Шаҳрвандони кишвар, ки дар як ҳафта панҷ рӯзаи корӣ доранд, аз 6 то 9 ноябр ду рӯз истироҳат карда, 10 ноябр ба кор бармегарданд. Шахсоне, ки хафтаи кори шашрӯза доранд, ду рӯзи истироҳат ва 8 ноябр барои онҳо рӯзи кор мешавад. Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад, рӯзи истироҳатии расмӣ муқаррар шудааст.
Имсол дар кишвар 31-солагии қабули Конститутсия ҷашн гирифта мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”