Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ҷопон барои аввалин бор як зан сарвазир интихоб шуд
Парлумони Ҷопон бо аксарияти овозҳо барои аввалин бор як зан – Санаэ Такаитиро ба ҳайси сарвазир интихоб намуд. Дар ин хусус шабакаи телевизионии NHK иттилоъ дода афзуд, ки ӯ дар даври аввали раъйгирӣ 237 овоз ба даст овард ва ниёзе ба даври дуюми интихобот дар Маҷлиси поёнии парлумон боқӣ намонд.
Ин пирӯзӣ баъд аз иттиҳоди Ҳизби ҳокими либерал-демократӣ бо Ҳизби инноватсионии Ҷопон сурат гирифт. Ба гузориши Рейтерз ду ҳизб дар хусуси ташкили ҳукумати эътилофӣ созишнома имзо намуданд. Санаэ Такаити розӣ шудааст, ки аз барномаҳои ислоҳотии Ҳизби инноватсионии Ҷопон, аз ҷумла коҳиши шумораи аъзои парлумон, таҳсили ройгони мактабҳои миёна ва боздошти муваққатии андоз аз маводи ғизоӣ пуштибонӣ кунад.
Бо ин ҳол, коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ки Ҳизби инноватсионии Ҷопон эҳтимолан намехоҳад дар ҳукумат курсӣ гирад. Тобиас Ҳаррис, муассиси ширкати таҳлилии “Japan Foresight” ба шабакаи CNBC гуфт: “Пайвастан ба эътилоф бо Ҳизби либерал-демократия, ки сатҳи эътимоди мардумӣ ба он паст аст, метавонад барои Ҳизби инноватсионии Ҷопон хатарнок бошад”.
Расонаҳои дохилии Ҷопон низ гузориш додаанд, ки Ҳизби инноватсионии Ҷопон ҳукуматро аз берун дастгирӣ мекунад ва мансабҳои калидӣ дар ҳукумат нахоҳад гирифт.
Ин тағйирот дар пайи шикасти вазири собиқ Шигеру Ишиба сурат гирифт, ки ҳизби ӯ аксариятро дар ҳар ду маҷлиси парлумон аз даст дод.
Дар бозори молиявӣ нишондиҳандаи Nikkei 225, ки субҳ 1,5% боло рафта буд, фоидаи худро аз даст дод. Қарзи давлатии 10 –сола 1, 6 воҳиди асосӣ поин рафт ва йен бо 0,33% коҳиш ба 151, 25 барои як доллар расид.
Санаэ Такаити бо ин интихоб на фақат таърихи сиёсати Ҷопонро навишт, балки даври нави ҳузури занонро дар сатҳи баландтарини ҳукумати ин кишвар оғоз намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”