Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии вазирон оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ширкат варзид
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси минтақавии вазирон оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ки рӯзҳои 13–14-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор гардид, ширкат намуд.
Ин ҳамоиш бо ибтикори Ҳукумати Руминия ва Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Намояндаи махсуси СММ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон баргузор шуд.
Дар конфронс намояндагони 32 кишвари минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ — беш аз 150 масъули давлатӣ ва коршиносони соҳаи ҳифзи кӯдакон — ширкат намуданд. Дар нишасти хоси конфронс ҷабрдидагони зӯроварӣ таҷрибаи шахсии худро баён намуда, ба аҳамияти амалҳои муассири кишварҳо дар самти пешгирӣ ва расонидани кумак ба кӯдакон таъкид карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш таҷрибаи ислоҳоти калидии худро дар соҳаи ҳифзи кӯдакон муаррифӣ намуд ва бори дигар уҳдадории худро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон таъкид кард.
Дилрабо Мансурӣ дар суханронии худ зикр кард, ки Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба пешрафтҳои назаррас ноил шудааст:
“Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдаконро қонунан манъ кардааст ва барномаи миллиро таҳия намудааст, ки ҳадафаш таҳкими низоми миллӣ ва таъмини амнияти ҳар як кӯдак аст,” — гуфт ӯ.
Ин конфронс ба пайгирии талошҳои ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа равона шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”