Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Самарқанд аввалин мулоқоти вазирони дифои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир шуд
Дар шаҳри Самарқанд аввалин нишасти вазирони дифои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ниҳодҳои низомии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат намуданд.
Бар асоси иттилои Вазорати дифои Ӯзбекистон ҷонибҳо дар ҷараёни гуфтугӯ масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории низомиву ҳарбӣ-техникӣ, омода кардани кадрҳо ва мубодилаи таҷрибаро баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва таҳкими фазои эътимод миёни кишварҳои минтақа барои суботи Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дорад.
Дар паёми президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки онро котиби Шурои амнияти Ӯзбекистон Виктор Маҳмудов қироат кард, зикр шуд, ки муносибатҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобил асос ёфтааст, имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд ва дар шароити афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ аҳамияти хос пайдо кардаанд.
Дар поёни мулоқот аввалин протоколи нишасти вазирони дифои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Ҳамзамон, мулоқотҳои дуҷонибаи Вазорати дифои Ӯзбекисон бо ҳамтоёни худ аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон в Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ, омодасозии муштараки кадрҳову иҷрои ташаббусҳои амниятии митақавӣ баррасӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”