Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Санаи ба таътили тирамоҳӣ баромадани хонандагони макотиби миёна маълум шуд
АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар хабар медиҳад, ки 1-уми ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Манбаъ меафзояд, ки чоряки якум 31-уми октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1-ум то 7-уми ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Дар ин росто, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили тирамоҳӣ назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфӣ муқаррар гардидааст, истифода намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”