Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Машқҳои “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” дар Тоҷикистон оғоз шуданд
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дирӯз, 20-уми октябр дар тамрингоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон маросими ифтитоҳи машқҳои муштарак бо нерӯҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2025” ва тамринҳои махсуси ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва ёрии тиббии СААД “Монеа-2025” баргузор гардид.
Ба навиштаи манбаъ, дар маросими ифтитоҳи машқҳо, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов, сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, генерал-полковник Андрей Сердюков, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
“Дар тамринҳои «Бародарии шикастнопазир-2025» ва «Монеа-2025» контингентҳои низомии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, гурӯҳҳои амалиётии Ситоди муштарак ва котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат доранд. Дар тамринҳои мазкур зиёда аз 1500 нафар афсарону сарбозон, беш аз 200 адад техникаҳои ҳарбӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб мегарданд”, - зикр мегардад дар хабарномаи вазорат.
Дар чаҳорчӯби машқҳои навбатӣ бори аввал тамринҳои махсус бо иштироки ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи аслии он таъмини амнияти биологӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”