Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тасарруфи беш аз 1 миллион сомонии сокинон бо ваъдаи таъмини манзили истиқоматӣ
Раёсати ВКД аз боздошти боз як қаллобӣ дигар хабар дод.
Амирзода Сафиаллоҳ сокини 30-солаи ш.Душанбе, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста мешавад.
Дар натиҷаи баррасии аризаҳои шикоятии шаҳрвандон, кирдорҳои ҷиноятии номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ошкор карда шуданд.
"Номбурда бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ гирифтааст. Зарари ба шаҳрвандон расонидаи номбурда зиёда аз як миллион сомониро ташкил медиҳад", иттилоъ додааст манбаъ.
Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Нисбаташ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби Амирзода С., қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”