Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Шаҳраки нави саноатӣ. Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ се корхонаи калони саноатиро ифтитоҳ намуданд
20-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта шуд, шумораи коргарон дар ин шаҳрак қариб 1200 кас хоҳад шуд, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд. Гуфта мешавад, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст.
Бинобар иттилои манбаъ, се корхонае, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд. Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.
Аз 3 корхонаи фаъолшуда якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ барои тавлиди сафолаку кошинҳо ва серанит омода шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронида мебошад. Иқтидори истеҳсоли сафолаку кошин ва серанит дар корхона дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 3 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ серанит мебошад. Арзиши сохтмону омодасозии корхонаи мазкур 500 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаи дуюм, ки ба кор дароварда шуд, ба истеҳсоли хишти сабук (газоблок) нигаронда шуда, бо харҷи 150 миллион сомонӣ омода шудааст. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона баробар ба 250 ҳазор метри мукааб хишти сабук аст, ки беш аз 30% талаботи шаҳри Душанберо қонеъ менамояд.
Корхонаи сеюм, ки дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд ёфтааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Он бо харҷи 100 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он 80 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ин шаҳраки нави саноатӣ дар майдони беш аз 37 га замине бунёд меёбад, ки қаблан ба як партовгоҳи азими саноатию сохтмонӣ табдил ёфта буд. 25 га ҳамин замин зери сохтмон хоҳад рафт.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”