Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Доналд Трамп аз суҳбати “созанда” бо Владимир Путин хабар дод
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯзи панҷшанбе дар паёме дар шабакаи иҷтимоии «Truth Social» навишт, ки бо Владимир Путин, президенти Русия, гуфтугӯи “бисёр созанда” анҷом додааст.
Ба гуфтаи Трамп, Путин дар ин тамоси телефонӣ ба ӯ барои «дастоварди бузурги сулҳ дар Ховари Миёна» табрик гуфта, аз Мелания Трамп, ҳамсари ӯ ва бонуи аввали Амрико, барои фаъолияташ дар умури кӯдакон изҳори қадрдонӣ кардааст. Трамп афзуд, ки ду ҷониб дар бораи муносибатҳои тиҷоратии миёни Вашингтон ва Маскав пас аз поёни ҷанги Русия ва Украина баҳс намуда, қарор шудааст ҳафтаи оянда нишасти мушовирони сатҳи баланди ду кишвар баргузор гардад. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарии ҳайати амрикоиро Марко Рубио, вазири корҳои хориҷӣ, бар уҳда хоҳад дошт, вале макони баргузории нишаст ҳанӯз муайян нашудааст.
Трамп ҳамчунин, гуфт, ки пас аз он, ӯ ва Путин дар шаҳри Будапешт, пойтахти Маҷористон, мулоқот хоҳанд кард, то дар бораи поён додан ба “ин ҷанги нанговар” миёни Русия ва Украина гуфтугӯ кунанд. Президенти Амрико изофа кард, ки рӯзи ҷумъа дар дафтари байзавии Қасри сафед бо Владимир Зеленский, президенти Украина, дидор хоҳад дошт, то дар бораи суҳбаташ бо Путин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷанг табодули афкор намояд. Дар поён, Трамп таъкид кард, ки дар гуфтугӯаш бо Путин “пешрафти бузурге ба даст омадааст.”
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”