Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Форуми сулҳи Фарғона доир шуд
Рӯзи 15-уми октябр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми сулҳи Фарғона доир гардид. Ин чорабинӣ бар асоси созишномаҳои байниҳукуматии миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ташкил шуд, ки 31-уми марти соли 2025 дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.
Мақсади асосии форум таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Баргузории чунин ҳамоишҳо барои наздик намудани мардумони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни форум таъкид шуд, ки саҳми сарони кишварҳо дар таҳкими дӯстии халқҳову рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа нақши муҳим дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои рушдкардаи Тоҷикистон буда, бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон, ҳамчунин, бо вилояти Ботканди Қирғизистон робитаҳои густурда ва ҳамкориҳои зич дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”