27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
18.10.2025 15:36

Боз гардондани беш аз 1,4 миллион шаҳрвандони Афғонистон аз сӯи Покистон

Ҳукумати Покистон гуфт, ки аз оғози татбиқи барномаи боз гардондани шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ аз тирамоҳи соли 2023 то ба имрӯз беш аз 1 миллиону 400 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба кишварашон боз гардонда шуданд.

Ин иттилоъ дар ҷаласаи хоси Ҳукумати Покистон таҳти раёсати Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон дар Исломобод пешниҳод гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳукумат, роҳбарони иёлот ва фармондеҳони артиши Покистон ҳузур доштанд.

Сарвазири Покистон бо изҳори нигаронӣ аз вазъияти ахир дар марзҳои муштараки ду кишвар гуфт, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистон нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави худ саҳлангорӣ карда, қонунҳои марзиро поймол намуда, ба қаламрави Покистон ҳамла кардааст.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки дар оянда фақат он шаҳрвандони Афғонистон, ки раводиди қонунии Покистонро доранд, ҳаққи иқомат дар ин кишварро хоҳанд дошт ва нисбат ба дигар афроди ғайриқонунӣ мувофиқи қонун чораҷӯӣ мешавад. Ҳамчунин, муҳлати ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон дигар тамдид намешавад.

Мақомот хабар доданд, ки аз оғози иҷрои ин барнома то ба рӯзи 16-уми октябри соли 2025, дар маҷмуъ 1 477592 шаҳрванди Афғонистон ба кишварашон боз гардонда шуданд.

Бар асоси қарорҳои нав паноҳ додан ё ҷой додани шаҳрвандони ғайриқонунӣ дар меҳмонхонаҳо ва манзилҳои хусусӣ ҷиноят шумурда мешавад ва бо қонуншиканон мувофиқи муқаррарот сахт муносибат хоҳад шуд.

Шаҳбоз Шариф аз ниҳодҳои вобаста ва неруҳои марзбонӣ даъват кард, ки дар вақти боз гардондани шаҳрвандони хориҷӣ аз эҳтироми ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ ғофил набошанд.

Дар рӯзҳои ахир, ҳамзамон бо даргириҳои марзӣ миёни Покистону Толибон, вазир дифои Покистон гуфт, ки “замони боз гардондани ҳама шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои худ фаро” расидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.