Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ду зина боло. Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА тағйир ёфт
ФИФА раддабандии нави худро нашр кард ва дар он тими миллии Тоҷикистон ду зина боло шуд.
Ҳамин тавр, мунтахаби Тоҷикистон аз ҷойи 104-ум ду зина боло рафта, дар ҷойи 102-юм қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки тими миллии Тоҷикистон бо 1220,21 хол ҳоло дар зинаи 102-юм қарор дорад ва аз мавқеи пешинааш 14,06 хол зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ҷорӣ мунтахаби Тоҷикистон ду бозӣ зидди тими миллии Малдив дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 гузаронида, бо ҳисоби 2:0 ва 3:0 ғолиб омад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии ФИФА ҳоло даҳгонаи беҳтарин мунтахабҳои ҷаҳон чунин тартиб доранд: Испания, Аргентина, Фаронса, Англия, Португалия, Нидерландия, Бразилия, Белгия, Италия ва Олмон.
Дар раддабандии нави ФИФА дида мешавад, ки дар даҳгонаи беҳтаринҳо мунтахабҳои Фаронса ва Бразилия як зина поён, Аргентина ва Италия як зина боло гардида, Хорватия ду зина поён шуда, аз даҳгона баромадаасту Олмон ду зина боло гардида, ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”