Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба мусофири муштзӯр 15 шабонарӯз ҳабс таъин гардид
Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе навори муносибати дағалонаи мусофир ва латукӯби ронандаи таксӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овард, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар натиҷа, шаҳрванд Тағоймуродов Мансур сокини 29-солаи шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар ҳолати мастӣ аз хизматрасонии ронандаи таксӣ истифода бурда, дар баробари пардохт накардани маблағи роҳкиро, ҳамзамон ӯро латукӯб намудааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Тағоймуродов М. бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар асоси Қарори суд нисбат ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин гардид.
Ҳамзамон бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, Раёсати ВКД дар интиҳои хабар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати мушоҳидаи ҳама гуна қонуншиканӣ тавассути рақамҳои (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”