27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
"Арӯси ғӯли Девдара" ва "Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст" рӯнамоӣ шуданд
Дирӯз, 16-уми октябр дар "Шарқи озод" рӯнамоии ду китоби журналист ва адиби хушном, корманди рӯзнома "Садои мардум" Ворис (Калонов Урун) бо номи "Арӯси ғӯли Девдара" ва "Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст" баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш, сармуҳаррири рӯзномаи "Садои мардум” Бахтовар Каримзода, театршинос Маҳмадулло Табарӣ ва дигарон доир ба махсусияти асарҳои Ворис изҳори назар карда, қайд карданд, ки мавсуф дар баробари шоирӣ, нависанда ва публитсисти нуктасанҷ бо диди хос аст.
Мисол оварда шуд, ки қиссаи "Арӯси ғӯли Девдара" ошкор мекунад, ки Ворис аз ҷумлаи нависандагони иҷтимоист ва ҳамаҷониба рӯҳи ҷомеаро эҳсос мекунад. Ҳамчун нависанда роҳнамо аст.
Инчунин, гуфта шуд, ки дар асари "Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст" маҳорати публитсистии Ворис бисёр хуб ошкор шудааст. Ӯ дар тақризҳову портретҳо ва сафарномаҳояш доир ба шахсиятҳо ва маконҳои ҷолиб бо маҳорати хос қаламфарсоӣ кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки маҷмуаи "Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст" мақолаҳо ва сафарномаҳои Ворисро фаро мегирад, ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд. Китоб аз се бахш иборат аст. Дар бахши аввал муаллиф мақолаҳои таҳқиқии худро ҷой намуда, дар қисмати дувум навиштаҳое манзури хонанда гардидаанд, ки ба мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ бахшида шудаанд. Бахши сеюм сафарномаҳои муаллифро фаро гирифта, аз зиндагии бунёдкоронаи мардум дар гӯшаю канори Тоҷикистон қисса менамояд. Мақолаю сафарномаҳои ин маҷмуа дар рӯзномаю маҷаллаҳо дар солҳои гуногун нашр шудаанд.
Қиссаи “Арӯси ғӯли Девдара” бошад, моҷарои зиндагии духтараки кӯҳистоние бо исми Суман аст, ки ғӯле ба ӯ ошиқ мешавад ва ӯро ба манзили худ мебарад. Дар ин қисса номеҳрубонии одамон дар баробари меҳрубонию вафодории ғӯл ба тасвир кашида шудааст. Илова бар ин, дар китоби мазкур панҷ ҳикояи Ворис ҷой карда шудаанд.
Ворис (Калонов Урун) соли 1962 дар деҳаи Сурхакчашмаи шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Факултети филологияи тоҷики Донишкадаи (ҳоло донишгоҳ) омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Дар нашрияҳои “Омӯзгор”, “Наврӯзи Ватан” ва радиою телевизион фаъолият намуда, айни ҳол дар рӯзномаи “Садои мардум” кор мекунад.
“Рози бараҳнагӣ” (шеър), “Ҷоми гӯё” (шеър), “Дар чор фасли лаҳзаҳо”(шеър), “Тазкираи Ворис”, “Шишаи номус дар бағал”, “Паланги қуллаҳои барфпӯш”, “Пайкари сабр”(шеър), “Арӯси ғӯли Девдара”(қисса) номгӯи китобҳои ӯст, ки ба нашр расидаанд.
Барандаи ҷоизаҳои адабии Парии Ҳисорӣ, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷоизаи ҳаштумин Ҷашнвораи байналмилалии фарҳангию ҳунарии Имом Ризо, Ҷоизаи махсуси Медиа Алянс дар соҳаи телевизион, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”