Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Нақшаи андоз дар нуҳ моҳ 2 миллиарду 479 миллион сомонӣ зиёд иҷро шуд
Тавре ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зарфи нуҳ моҳи соли равон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 114,6% таъмин гардидааст.
Ба қавли манбаъ, дар ин муддат ба ҷойи 16 миллиарду 967,4 миллион сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 19 миллиарду 446,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 2 милиарду 479 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба барзиёд таъмин шудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ пеш аз ҳама, рушди иқтисодиёт, рақамикунонии соҳа, беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз, хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тибқи низоми идоракунии хавфҳо роҳандозӣ намудани корҳои назоратӣ мусоидат намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,6%, вилоятҳои Хатлон 101,6%, Суғд 106,7%, шаҳри Душанбе 119,6%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 108,0% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 113,7% таъмин карда шудааст.
DDialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”