Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Табибони тоҷик аввалин ҷарроҳии гирифани омоси чуқурии мағзи сарро бо муваффақият анҷом доданд
Дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҷарроҳии гирифтани омоси ҷуқурии қисми миёнаи мағзи сар бо маваффақият анҷом дода шуд.
Ин таҷрибаи нахустини табибони тоҷик аст, ки дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо истифода аз таҷҳизоти муосир амалӣ шудааст.
Тавре Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин амалиёти бисёр дақиқ ва ҳассос бо истифода аз дастгоҳҳои пешрафта, аз ҷумла микроскопи мусоири ҷарроҳӣ анҷом дода шуд.
Бар асоси иттилои табибон дар вақти ҷарроҳӣ мавқеи хос бо истифода аз тасвиргарии дохилиҷарроҳӣ (ултрасадо-УЗИ) мушаххас мешавад. Ин амалиёт бо истифода аз микроскопи дорои қобилияти тағйир додани кунҷҳои биноиш, баланд бардоштани дақиқият ва идоракунии параметрҳои зарурӣ иҷро гардид.
Вазъи саломатии бемор ҳоло қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Тибқи гуфтаи табибон, ҳамаи шикоятҳое, ки то ҷарроҳӣ вуҷуд доштанд, пурра аз миён рафтаанд. Натиҷаи ташхиси такрорӣ нишон додааст, ки дар маёнаи сар дигар ягон боқимондаи омос мушоҳида намешавад.
Дар солҳои ахир табибони тоҷик як қатор ҷарроҳиҳои мураккабро бо муваффақият анҷом додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”