27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
17.10.2025 07:44

Ҳукумати Британия санади сирии ҷосусии Чинро нашр кард

Ҳукумати Британияи Кабир рӯзи чоршанбе санад ва ҳуҷҷатҳоеро нашр кард, ки бар асоси он парвандаи ҷанҷолии иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Чин ба додгоҳ пешниҳод шуда буданд. Санади мазкур ҳоло баҳси нави сиёсиро барои ҳукумати Кир Стармер, сарвазири Британия ба вуҷуд овардааст.

Тибқи гузориши хабаргузории “Франс-пресс” Стармер зери фишори фазояндаи сиёсии Ҳизби мухолифи муҳофизакор фармон дод, ки се изҳорот ё баёнияи таҳияшуда аз сӯи Мэтю Кллинз, муовини мушовири амнияти миллии Британия дар дастрасии умум қарор гиранд. Ин санадҳо шоми чоршанбе дар сомонаи расмии ҳукумат нашр шудаанд.

Додситонии шоҳии Британия қаблан гуфта буд, ки сабаби боз доштани парванда камбудии далелҳоест, ки нишон медиҳад Чин дар ин давра таҳдиде барои амнияти миллии Британия буд. Ин давра ба ҳукумати Ҳизби муҳофизакор вобастагӣ дорад.

Дар охирин изҳорот Мэто Коллинз, ки ба моҳи августи соли 2025 бармегардад, омадааст, ки хадамоти иттилоотии Чин “бисёр қобилиятманд” аст ва “дар миқёси васеъ бар зидди Британия амалиёти ҷосусӣ мегузаронанд, то манофеи давлати Чинро пеш баранд ва ба амнияту манофеи Британия осеб расонанд”.

Коллинз дар идома огоҳӣ додааст, ки “фаъолияти ҷосусии Чин фаъолияти иқтисодӣ, устувории миллӣ ва сиҳатии ниҳодҳои демократии Британияро таҳдид мекунад”.

Нашри ин санадҳо бо интиқоди шадиди Ҳизби муҳофизакор рӯ ба рӯ шуд. Сухангӯи ин ҳизб гуфт: “Боиси таассуф аст, ки Сарвазир фақат пас аз фишорҳои фаровон водор ба нашри ин иттилооти ноқис шуд”. Ӯ гуфт, “парвандаҳои Чин бояд фавран ва комилан ошкор гардад, дар ғайри сурат доғи ин расвоӣ аз ҳукумати Стармер пок нахоҳад шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.