Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
UFC муҳорибаҳои Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуровро эълон кард
Ташкилоти UFC расман хабар дод, ду варзишгари номдори тоҷик Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров муҳорибаҳои навбатиашонро дар моҳи ноябр мегузаронанд.
Гуфта мешавад, ки Муин Ғафуров 2-юми ноябр дар мусобиқаи UFC Fight Night бо размкори амрикоӣ Майлс Джонс ба майдон мебарояд.
Муин Ғафуров дар UFC чор муҳориба гузаронида, ду ғалаба ва ду бохт дорад. Ҳамин тавр, варзишгари тоҷик дар ду рақобати охираш ғалаба кардааст. Рақиби ӯ Майлс Джонс бошад, ду муҳорибаи охирашро бохтааст.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи UFC Қатар, ки 22-юми ноябр доир мегардад, варзишгари дигари тоҷик Муҳаммад Наимов бо варзишгари бразилӣ Майрон Сантос муҳориба мегузаронад.
Муҳорибаи мазкур дар ванзи то 66 кило баргузор мешавад.
То ҳол Муҳаммад Наимов дар ташкилоти UFC шаш муҳориба гузаронида, панҷ ғалаба ва як бохт дорад. Майрон Сантос, рақиби ҳафтуми Муҳаммад Наимов дар UFC мешавад, ки дар ташкилоти мазкур се муҳориба гузаронида, дар ҳамааш ғолиб омадааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”