Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар Форуми «Душанбе Инвест-2025» 52 созишнома ва санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тибқи иттилои Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар маҷмуъ 52 созишнома ва санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 4,1 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки 17 созишнома ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки маблағи умумии онҳо 501 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» 14-ум октябр оғоз гардида, то имрӯз, 16-уми октябр идома мекунад.
Дар ин росто, дар назар аст, ки имрӯз иштирокчиён ба мавзеъҳои сайёҳию таърихии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Роғун ва Норак сафар мекунанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар форуми мазкур намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок карда истодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”