Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
15 рӯз муҳлат. Вазири нақлиёт барои омодагӣ ба зимистон муассисаву корхонаҳои соҳаро муваззаф кард
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи назоратӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву корхонаҳои марбутаи тобеи Вазоратро муваззаф намуд, ки тадбирҳои банақшагирифташуда ҷиҳати омодагӣ ба зимистон бояд ҳарчӣ зудтар ва дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шаванд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, гурӯҳи кории вазорат ба санҷиши ҳолат ва омодагии муассисаву корхонаҳои соҳа ва иншооти инфрасохтори роҳу нақлиёт ба зимистон сафарбар гардиданд.
“Рафти таъмири ҷории техника ва механизмҳои нигоҳдории роҳҳо, тоза кардани роҳҳо аз сангу шағал пас аз боришоти шадид ва тармафароӣ, ки метавонад барои ронандагон мушкил эҷод кунад, хариди маводи сӯзишворӣ ва зидди лағжиш, либоси корӣ барои роҳсозон, чархҳои мавсимӣ, аккумулятор ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ санҷида мешавад”, - зикр мегардад дар иттилоияи вазорат.
Азим Иброҳим ба роҳбари Ситоди омодасозии соҳа ба мавсими тирамоҳу зимистон, муовини якуми вазир Фаррух Неъматзода дастур дод, ки ҳамаи тадбирҳои асосии нақшавӣ то 1-уми ноябр бояд ба анҷом расонида шаванд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ва корхонаю муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард супориш дода шуд, ки назорати доимии ҳолати роҳҳои истифодаи умум, аз ҷумла тавассути системаи рақамӣ, риояи қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм ва сари вақт бартараф намудани нуқсонҳоро таъмин намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”