Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ду олими тоҷик дар рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ
Бинобар иттилои Ризои Баҳромзод, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду профессори тоҷик Махсуд Саидаминов ва Фарух Шаропов ба рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ (World's Top 2% Scientists)-и Донишгоҳи Стенфорд шомил гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, муаллиф рейтинги мазкур профессор Ҷон П. А. Иоаннидис буда, аз соли 2019 инҷониб ҳамасола нишондиҳандаҳои илмсанҷии олимонро таҳлил карда, номи олимоне, ки дар соҳаи худ аз ҳама бештар иқтибос мешаванд муайян мекунад.
"Рейтинги мазкур дар асоси додаҳои пойгоҳи Scopus (Elsevier) таҳияшуда, аз сафҳаҳои корбарии ҳар як муаллиф барои лаҳзаи то 1 августи соли 2025 маълумоти илмсанҷӣ аз қабили миқдори мақолаҳо, миқдори ҳаммуаллифон, адади иқтибосҳо, солҳои нашр гирифта мешаванд", - гуфта мешавад дар матлаби олими ҷавон.
Афзуда мешавад, ки олимон ба 22 соҳаи асосии илм ва 174 зерсоҳаҳои илмӣ мувофиқи таснифоти Science-Metrix ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, дар асоси ду нишондиҳанда баҳогузорӣ мешаванд: career-long (тамоми солҳои фаъолияти илмӣ) ва single-year (иқтибосҳо дар як соли муайян).
Иттилоъ дода мешавад, ки мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus ба ҳолати 14.10.2025 Махсуд Саидаминов муаллифи 170 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 24 886 маротиба иқтибос шудаанду шохиси Ҳиршаш ба 69 баробар аст. Дар ин росто, Шаропов Фарух муаллифи 105 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 6881 маротиба иқтибос шудаанду шохиси Ҳиршаш ба 40 баробар мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”