Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Душанбе: Пардохти ғайринақдӣ дар микроавтобусҳо низ имконпазир гардид
Агентии хабарии “Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад, ки дар 670 микроавтобуси пойтахт дастгоҳ барои пардохти ғайринақдӣ (POS-терминал ё валидатор) насб шудааст.
Ба қавли манбаъ то 30-юми сентябр дар 980 микроавтобуси шаҳрӣ поя насб шуда дар 670 адади он валидатор ба кор шуруъ кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар микроавтобусҳо пардохти ғайринақдӣ ба монанди автобусу троллебусҳо тарофаҳои гуногун пешниҳод намегардад, балки арзиши хизматрасонӣ 2 сомонию 50 дирам бетағйир мемонад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ронандагоне, ки валидаторро дар мошинҳояшон насб кардаанд, ҳар рӯз барои хизматрасонӣ ба ширкати “Citycard” 30 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки валидаторҳоро ронандагон дар асоси шатномаи қарзии 6-моҳа ба арзиши 2800 сомонӣ мегиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”