Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба Артиши миллӣ 78 фоиз иҷро шуд
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар даҳ рӯзи маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 78 фоизро дар бар гирифта, наздики 30 шаҳру ноҳияи мамлакат аз иҷрои пурраи он гузориш доданд.
Манбаъ меафзояд, ки шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи якуми даъват нақшаро 100 фоиз иҷро намуд.
Ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзи нахустини ин чорабинии муҳими сиёсӣ нақшаи пешбинишударо сад фоиз ба анҷом расониданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳоло ба 72 фоиз баробар мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар 10 рӯзи маъракаи сиёсӣ ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Норак, Ёвон, Фархор, Хуросон, Левакант, Бохтар, Носири Хусрав, Дустӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд ва дар умум, вилояти Хатлон 91 фоиз нақшаро иҷро кардааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки нақшаи даъват дар вилояти Суғд 64 фоиз иҷро шуда, ноҳияи Айнӣ нақшаи пешбинигардидаро пеш аз муҳлат пурра иҷро намудааст.
Зикр мегардад, ки нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе 71 фоиз иҷро гардидааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”