Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Зиёда аз як миллион сомонӣ. Сокини Нуробод бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, сокини ноҳияи Нуробод бо гумони беш аз як миллион сомонӣ зарар расонидан ба шарҳвандон дастгир шуд.
Ба навиштаи манбаъ, Солиҳов Орифҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Нуробод зимни фаъолият дар ширкати сохтмонии "Ҷамол-Басир" бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст. Зарари ба шаҳрвандон расонидаи номбурда зиёда аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки номбурда ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
РВКД иттилоъ медиҳад, ки ҳоло гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад ва ҳар касе, ки ба фиреби ӯ афтидааст, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намояд.
DDialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”