27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
13.10.2025 08:54

Номаи Амрико ба Эрон. Биё музокира кунем

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват кард, то дар Иҷлосияи сулҳи Шарм-уш-Шайх ширкат варзад, ки ба масъалаи субот ва оташбас дар Навори Ғазза бахшида шудааст.

Тибқи гузориши Барак Ровид, рӯзноманигори расонаҳои байналмилалӣ Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи шанбе даъватномаи расмиро барои баргузории нишасти сарони кишварҳо дар мавриди вазъи Ғазза ирсол намуд. Ин иҷлос рӯзи душанбе дар шаҳри Шарм-уш-Шайх доир мегардад.

Сарчашмаҳои огоҳ мегӯянд, ки Амрико доираи даъватшудагонро густариш додааст. Дар миёни онҳо кишварҳои Испания, Ҷопон, Озарбойҷон, Арманистон, Маҷористон, Ҳинд, Эл-Салвадор, Қибрус, Юнон, Баҳрайн, Кувайт ва Канада низ ҳастанд.

Ба гуфтаи Ровид, яке аз сарчашмаҳои дипломатӣ тасдиқ намуд, ки Эрон низ дар феҳристи кишварҳои даъватшуда қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Исроил дар ин иҷлос ширкат нахоҳад кард. Президенти Миср гуфт, ки иҷлоси сулҳи Шарм-уш-Шайх бо ҳузури Доналд Трамп ва 20 роҳбари кишвариҳои ҷаҳон доир хоҳад шуд.

“Иҷлоси сулҳи Шарм-уш-Шайх талошест барои боз намудани саҳифаи нав дар таъмини амният ва суботи минтақа” - зикр шудааст дар изҳороти расмии Қоҳира.

Илова бар ин, сарвазири Британия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Туркия низ ҳузури худро дар ин нишаст тасдиқ кардаанд.

Аз ҷониби дигар, роҳбари ҳаракати Ҳамос ба хабаргузори “Франс пресс” гуфт, ки раванди озодсозии зиндониён аз рӯзи душанбе оғоз хоҳад ёфт. Вале ҳамин манбаъ хабар дод, ки Ҳамос дар маросими имзои созишномаҳои сулҳи Ғазза, ки дар Миср доир мешавад, ширкат намекунад.

Ҳамзамон иттилоъ мерасад, ки Ҳусейн аш-Шайх, муовини роҳбари идораи худгардони Фаластин фардо бо Тони Блэр намояндаи собиқи Британия дар хусуси нақши идораи фаластинӣ дар идораи Навори Ғазза музокира хоҳад кард.

Иҷлоси Шарм-уш-Шайх ба гуфтаи таҳлилгарон метавонад оғози як марҳилаи нави ҳамоҳангии минтақавӣ барои эҳёи сулҳ дар Ғазза ва барқарорсозии низоми амниятӣ дар Ховари Миёна бошад.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.