Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чарлз Оливейра Матеуш Гамротро шикаст дода, Макс Холлоуэйро ба муҳориба даъват кард
Дирӯз, 12-уми октябр дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мусобиқаи UFC Fight Night 261 баргузор гардид, ки дар муҳорибаи асосии он Чарлз Оливейра ва Матеуш Гамрот рақобат карданд.
Муҳорибаи мазкур дар вазни сабук доир гардида, дар раунди дуюм варзишгари бразилӣ Чарлз Оливейра размкор аз Полша Матеуш Гамротро бо усули бӯғӣ кардан, мағлуб кард.
Бояд гуфт, ки Матеуш Гамрот аввалин маротиба дар корномааш фавран шикаст хурд. Ӯ то ин замон се мағлубият дошт ва ҳамаи онҳо бо қарори доварон буданд.
Чарлз Оливейра пас аз ғалабаи дурахшон эълон кард, ки мехоҳад барои камарбанди BMF (бадтарин размкори ташкилот) бо соҳиби он Макс Холлоуэй рақобат кунад.
Дар ин росто, Макс Холлоуэй даъвати Чарлз Оливейраро қабул кард ва пешниҳод намуд, ки моҳи марти соли оянда барои гузаронидани рақобат вақти муносиб аст.
Ёдовар мешавем, ки Чарлз Оливейра дар рӯйхати беҳтарин рамзкорони вазни сабук дар ҷойи чорум қарор дошт ва эҳтимол пас аз ғалаба як зина боло мавқеъ бигирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”