Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳӣ. Озмуни «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз роҳандозии озмуне бо номи «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» дар саҳифаҳои расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» (Dushanbe-travel) ва «Instagram» (Dushanbe.travel) хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи озмун тарғибу ташвиқи иқтидору имконияти сайёҳӣ, муҳити зебо, гулзори кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои пойтахт мебошад.
Ба навиштаи манбаъ, дар озмуни мазкур сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе, меҳмонон, дӯстдорони ҳунари аксбардорӣ ва шахсони ҳаваскор ё касбӣ, ки истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» ва «Instagram» мебошанд, иштирок карда метавонанд.
“Аксҳои гирифташуда бояд зебоии кӯчаҳо, хиёбонҳо, гулҳои ороишӣ ва боғу гулгаштҳои пойтахтро инъикос кунанд ва аз рӯзи эълони озмун аксбардорӣ шуда бошад. Ҳар иштирокчӣ аксҳои гирифтаашро бояд дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии болозикр бо шарҳи кутоҳ ва ишора кардани саҳифаҳои Dushanbe.travel (бо хештеги #dushanbetravel ва таги @dushanbe.travel, @Dushanbe-travel) ҷой намояд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки муҳлати қабули аксҳо барои озмун то 25-уми октябри соли равон муқаррар гардидааст. Дар ҳар ду шабакаҳои иҷтимоӣ ғолибон тавассути хадамоти «Random» муайян карда мешаванд ва бо чунин тартиб ҳавасманд мегарданд:
- ҷойи аввал – корти ройгони 3-моҳаи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе;
- ҷойи дуюм – истироҳат 3-рӯза дар Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ;
- ҷойи сеюм – хӯроки шом бо дӯстон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт (барои 4 кас).
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”