27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
11.10.2025 14:31

Осим Орифпур: “Агар аз саҳнаҳои мо як кас тағйир ёбад, хушбахтем”

Яке аз сабабҳое, ки моро ба ояндаи блогинг дар кишвар дилгарм мекунад, ин ба фазои маҷозӣ омадани намояндагони касбу кори гуногун бо идеяҳои созанда аст. Дар ин росто, яке аз самтҳои маъмул ин таҳияи саҳнаҳои тарбиявист, ки дар баробари аксу наворҳои нохуби шабакаҳои иҷтимоӣ, ба корбарони дунёи маҷозӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст.

Ин навбат Dialog.tj бо Осим Орифпур, роҳбари “Суғдсинамо” ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳи тимашон ба таҳияи наворҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ машғул ҳастанд, доир ба вазъи блогинг дар Тоҷикистон, пешравиҳо ва камбудиҳои соҳаи мазкур, аҳамият ва таъсири саҳнаҳои тарбиявӣ ба корбарони фазои маҷозӣ ва ғайра суҳбат кард. 

РЕШАКАН КАРДАНИ БА НОМ БЛОГЕРОН МАСЪАЛАИ ВАҚТ АСТ

- Шумо устоди донишгоҳ, номзади илм ва роҳбари “Суғдсинамо” ҳастед, чӣ сабаб шуд, ки ба блогинг омадед?

- Албатта, кори асосии ман дар “Суғдсинамо” буда, дар донишгоҳ ҳамчун устоди ҳамкор дарс мегӯям. Блогинг ва фаъолият дар ин самт талаби замон аст. Бубинед, вақте ки мо филм месозем, пас аз як сол бинанда аз сухану мақсади мо бохабар мешавад ва боз на ҳама, зеро дар мо кинотеатрҳо хуб фаъолият намекунанд. Аммо блогинг ба мо имкон медиҳад, ки сухану мақсади имрӯзро ҳамин рӯз ба мардум расонем. Ба ин хотир, хостем мавзуъҳои рӯзро таҳия намоем ва аз декабри соли гузашта ба фаъолияти блогерӣ машғул шудем.

- Ба назари шумо ҳоло ҷомеаи мо блогингро ҳамчун соҳаи алоҳида ва муҳим пазируфтааст?

- Имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки мардум ба блогерон бовар мекунанд. Масалан, ҳар гуна бозиҳои бурднок мегузаронанд, ё барои бемору дастнигаре пул ҷамъ мекунанд, ки албатта мардум ба онҳо бовар мекунанд. Ҳамчунин, рекламаҳои хеле зиёди ширкатҳоро мо бо ҳузури блогерон мебинем ва ин маъноеро дорад, ки то андозае эътимод ҳаст ва ин соҳа қабул шудааст.

- Дар ҳоли ҳозир блогинг дар ҷомеа чӣ нақшу аҳамият дорад?

- Дар ҷомеаи мо  аамияти блогинг хеле муҳим аст. Масалан, мардум аз як саҳнаи кутоҳи ҳаҷвӣ лаҳзае ҳам бошад фароғат мекунанд ё аз тамошои як саҳнаи тарбиявӣ ғизои маънавӣ мегиранд. Яъне кори блогерон назаррас аст. Агарчи дар кишвари ин соҳа то андозаи дигар кишварҳо пеш нарафтааст, вале ба ҳар ҳол блогерон аудитория доранд ва кори худро карда истодаанд. Фикр мекунем, бо гузашти вақт мардум дар баробари сарояндаву ҳунарманд аз блогерон низ соядаст мегиранд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.  

- То ҳол ба таври бояду шояд номи блогер миёни мардум сафед нест, чаро чунин аст?

- Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки гӯё кори блогерӣ мекунанд, аммо бо нашри аксу наворҳои нохуб обрӯи худашонро паст мекунанд, забону фарҳангро поймол менамоянд ва дар натиҷа бо саҳнаҳои номатлубашон мехоҳанд, ки аудиторияи калон ба даст оранд. Аммо чун мо мардуми тамаддунофарем ва ба фарҳангу арзишҳои миллиамон арҷгузор ҳастем, чунин касонро қабул надорем ва зери тозиёнаи танқид мегирем.

- Танҳо барои “лайк” кор кардани блогерон чӣ паёмад дошта метавонад?

- Ин масъалаи муҳим аст, зеро намедонам блогереро, ки дар ин соҳа кор кунад, вале машҳур шудан нахоҳад ё аз “лайк” гирифтани матлабҳояш хурсанд нашавад. Яъне ҳама мехоҳад, ки шинохта шавад, “лайк” гирад, дар зери аксу навораш шарҳ нависанд ва ғайраҳо. Масалан, вақте ки шумораи тамошобинони ягон наворамон аз миллион нафар мегузарад, ман хеле хурсанд мешавам ва боз мекӯшам, ки беҳтару бештар кор кунам. Аммо гапи асосӣ он аст, ки ба пешравии рақамҳо блогерон чӣ гуна бархурд мекунанд. Барои мисол, мо медонем, ки бо зиёд шудани шумораи тамошову “лайк”-у шарҳ қисме мағрур мешаванд ва худро тағйир медиҳанд, ки албатта кори хуб нест.

- Мо бархеҳоро блогер ва баъзеи дигарро ба ном блогер мегӯем. Яъне, дуюмиҳоро бештар бо нашри наворҳои нохуб мешиносем, вале бархеҳо ҳамаро блогер мегӯянд. Чӣ бояд кард, ки ин доғро аз номи блогерони ҳақиқӣ бардорем?

- Аслан, мо монанди блогер ва ба ном блогер, боз дорем журналист ва ба ном журналист, дорем муаллим ва ба ном муаллим, дорем табиб ва ба ном табиб... Решакан кардани ба ном блогерон масъалаи вақт аст. Вақте ки блогерони босавод зиёд шаванду матолиби нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мазмунан беҳтар гардад, ҷойи ба но блогерон танг мешавад ва шояд корашонро тарк кунанд. Аммо чун ҳоло фазо холӣ аст, ҳар нафаре, ки чизе хоҳад нашр мекунад.

- Чанде пеш гап-гап буд, ки фаъолияти блогерӣ дар доираи қонун танзим гардад, дар ин маврид чӣ фикр доред? Оё қонуни алоҳида барои фаъолияти блогерӣ лозим аст?

- Албатта, қонунгузорӣ то андозае пеши роҳи бенизомиро мегирад. Ман фикр мекунам, ки будани қонун махсус барои фаъолияти блогерӣ то ҷое ба манфиати кор аст.

- Агар имконият медоштед, чӣ чизро дар фазои блогинг дар Тоҷикистон иваз мекардед?

- Тими мо кӯшиш карда истодааст, ки бо таҳия  саҳнаҳои тарбиявӣ ба мардум паёмҳои гуногунро бидиҳем, то ки аз бадиҳо ҳазар кунанду пойбанди некиҳо бошанд. Аммо агар имкон медоштем, ки дар ин соҳа чизеро тағйир бидиҳем, нахуст фазои солимро дар ҳамин соҳа ба вуҷуд меовардем. Бо фаъол шудани Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон то андозае вазъ тағйир ёфт, аммо ба ҳар ҳол фаъолияти блогерон дар умум бенизом аст ва онро мебояд ба танзим даровард. 

- Шумо кадом блогеронро ҳамчун намуна ёдовар шуда метавонед?

- Агарчи бо журналист ва блогер Орзу Исоев боре ҳам вонахӯрдаем, вале он касро ман ҳамчун устоди худ қабул кардаам. Эшон дар мусоҳибаҳои хеш ба журналистону блогерон панд медиҳанд. Ҳамчунин, дӯсти азизам Диловар Сафаров, ки аз матлабҳои тарбиявиашон мо илҳом мегирем. Сипас, Одинамуҳаммад, ки аз Мавлоно панд мегӯянд.

ФАСЛИ ДУЮМ: НАҚШИ САҲНАҲОИ ТАРБИЯВӢ

- Бемуҳобот, дар таҳияи наворҳои иҷтимоӣ гурӯҳи шумо дар муддати кутоҳ пешсаф шуд. Бигӯед, ки ҳайати эҷодиву техникии шумо аз чанд кас иборат аст ва ин гурӯҳ чӣ гуна тавлид гардид?

- Дар аввал ман худам танҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ сухан мегуфтам. Пасон, фикри таҳияи саҳнаҳои тарбиявӣ пайдо шуд ва бо Ромиш Бобоев корро оғоз кардем. Баъди чанд моҳ Шуҳрат Мақсудиён ба мо пайваст шуд. Ҳоло гурӯҳи эҷодии мо аз чор нафар иборат аст. Ман, Дилошуб Орифзода, Ромиш Бобоев ва Шуҳрат Мақсудиён. Дилошуб бештар барои идея ва сенария ба мо кумак мекунад. Дар масъалаҳои эҷодӣ бошад, мо секаса корро пеш мебарем. Ҳамчунин, барои иҷрои нақшҳо Саида, Малика, Таҳмина-апа ва дигаронро даъват мекунем.

- Саҳнаҳои шумо вазъи замон ва умуман фазову муҳити имрӯзро нишон медиҳанд, бигӯед, ки таҳияи як саҳнача чӣ гуна мешавад: кӣ сенария менависад, кӣ наворбардорӣ мекунад ва кӣ коргардон аст?

- Дар тими мо касе роҳбар нест, дар кори блогнависӣ ҳама баробар ҳастем. Ҳама баробар андешаҳоро баррасӣ мекунем ва дар таҳияи саҳнаҳо саҳм мегузорем. Тими мо ҳафтае се навор таҳия мекунад. Рӯзи душанбе дар саҳифаи Шуҳрат нашр шуда, дигар саҳифаҳо ҳаммуаллиф мешаванд, рузи чоршанбе дар саҳифаи ман нашр мекунем ва ду саҳифаро ишора мекунем ва рӯзи ҷумъа дар саҳифаи Ромиш мегузорему ману Шуҳрат ҳаммуаллиф мегардем. Ҳамин тавр, ҳар кас барои навори худаш сенария менависад, якҷо баррасӣ карда, сабт мекунем ва боз ҳамон нафар танзим накунад.

- Тавре саҳнаҳоро таҳия мекунед, ки аз эҳтимол дур нест, ки қаҳрамонҳояшон худро бубинанд. Оё шудааст ҳолате, ки касе дар саҳнаҳои шумо худ ё наздики худро шинохта бошад?

- Нафарони хеле зиёд ба мо менависанд, ки қаҳрамони саҳнаҳо ман ҳастам ва аз ҳаёти ман саҳнаатонро сохтаед. Ҳамчунин, боз бисёриҳо ба мо муроҷиат мекунанд, ки дар мавзуъҳои муайян саҳна омода кунем.

- Ба андешаи шумо, таҳияи саҳнаҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ барои беҳтар гардидани ахлоқ ва зиёд шудани эҳтирому якдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад?

- Албатта, саҳнаҳои тарбиявӣ ба ҳаёти мардум бетаъсир намемонанд ва дар шарҳҳо менависанд, ки аз саҳнаҳои мо ибрат мегиранд. Агар як кас ҳам тағйир ёбад ва ба тарафи мусбат иваз шавад, мо хушбахтем ва муваффақем.

- Дар саҳнаҳои шумо бештар муносибати оилавӣ, аз ҷумла ҳамсарон ва волидон бо фарзандон баррасӣ мегарданд. Фикр мекунед чунин оилаҳо дар кишвар зиёданд?

- Ҷомеаи Тоҷикистон, ки бештар ҷомеаи суннатист, нисбатан ҳассосем ва оиладӯстдорем. Аз ин рӯ, масъалаҳои оилавӣ мубраманд дар миёни мардум. Чун ин гуна саҳнаҳо аз зиндагии имрӯза гирифта мешаванду ба мардум наздиканд, ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд карда мешавад.

- Чӣ гуна маълум мекунед, ки паёми наворҳои шуморо бинандагон дуруст мефаҳманд?

- Нишондиҳандаи якум ин шумораи тамошо аст ва боз рақамҳои дигар ба мисли “лайк”, шарҳ, мубодила, ки мо то кадом андоза қабул шудани наворро мефаҳмем. Ман ҳисоб кардам, дар муддати фаъолиятамон қариб 20 навори моро зиёда аз як миллион маротиба тамошо кардаанду ду наворамонро зиёда аз ду миллион бор.

- То ҷое медонем, ҳоло аз шабакаҳои иҷтимоӣ даромаде намегиред, пас, сарфу харҷро чӣ гуна мепӯшонед?

- Дуруст аст, ки ҳоло аз шабакаҳои иҷтимоӣ пул кор намекунем, вале умед дорем, ки дар оянда фоидаи молӣ мешавад. Ҳоло худамон сарфу харҷро мепӯшонем ва он занҳое, ки дар саҳнаҳоямон нақш меофаранд, онҳо ҳам аз мо пул намегиранд.

- Дар таҳияи наворҳо сензура мекунед?

- Дар кори мо сензура нест. Мо идеяҳоро дар миён мегузорем ва баррасӣ мекунем. Ногуфта намонад, ки ягон навори мо нусхабардорӣ нест, балки мавзуъҳои муаллифӣ ҳастанд. Ҳамчунин, мо дар блогамон бо забони адабии сода ҳарф мезанем ва мекӯшем, ки дар матлабҳоямон тарғибгари забони адабӣ бошем.

- Дар баробари саҳнаҳо, оё дар оянда нақшаи таҳияи филмҳои кутоҳ, мустанад ё дигар форматҳои визуалиро доред?

- Асосан мо зиёда аз 10 сол мешавад, ки ба филмсозӣ машғул ҳастем ва аз синамо ба блогинг омадем. Мо ҳар сол як филм месозем. Дар оянда ҳам кӯшиш мекунем, ки боз филмҳои зиёд таҳия кунем.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.