27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
11.10.2025 09:44

Ҳамос аз иҷрои марҳилаи нахусти созиши оташбас бо Исроил хабар дод

Ҳозим Қосим, сухангӯи ҳаракати Ҳамос, рӯзи ҷумъа гуфт, ки ин гурӯҳ ба иҷрои пурраи марҳилаи нахусти созиши оташбас бо Исроил содиқ аст ва омода мебошад, ки идораи Навори Ғаззаро пас аз анҷоми ҷанг ба мақомоти дигар вогузор кунад.

Ба гузориши шабакаи “Ал-Арбия”, Ҳозим Қосим гуфта, ки бархе аз марҳилаҳои тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ҳанӯз ниёз ба баррасӣ бо миёнҷиҳост, аммо Ҳамос татбиқи марҳилаи аввалро оғоз кардааст ва барои ҳифзи оташбас бо ҳамаи тарафҳо ҳамкорӣ мекунад.

Ӯ афзуда, ки Ҳамос омода аст аз ҳар гуна нақши иҷроӣ ё идорӣ дар Ғазза канорагирӣ кунад, то заминаи устувор барои ҷилавгирӣ аз бозгашти ҷанг фароҳам шавад. Ба гуфтаи ӯ, Ҳамос намехоҳад ба Исроил баҳонае барои азсаргирии даргирӣ бидиҳад ва аз миёнҷиҳо замонатҳо дар бораи тарҳи Трамп ва пешгирӣ аз эҳёи ҷанг дарёфт кардааст.

Ҳозим Қосим ҳамчунин, дар бораи масъалаи халъи силоҳ гуфт, ки ин мавзуъ дар доираи гуфтугӯҳои дохилии фаластиниён баррасӣ хоҳад шуд. Ӯ силоҳи Ҳамосро “абзори қонунии дифоӣ” номид ва таъкид кард, ки ин гурӯҳ масъулияти миллӣ дорад, то роҳи ҳалли мувофиқ барои ин масъала пайдо кунад.

Сухангӯи Ҳамос аз мақомоти Идораи худгардони Фаластин даъват кард, ки барои ояндаи Ғазза роҳҳалҳои сиёсӣ пешниҳод кунанд ва аз “талошҳои муҳимми” раисҷумҳури ИМА барои иҷрои ин созиш қадрдонӣ намуд.

Ӯ ҳамчунин, аз сахтгирии Исроил дар мавриди рӯйхати баъзе маҳбусони фаластинӣ ва мушкилоти ҷустуҷӯи ҷасадҳои гаравгонон хабар дод ва гуфт, ки комиссияҳои маҳаллии Ҳамос дар Ғазза дар ҳоли ташкили бозгашти оворагон мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, Ғазза пас аз ҷанг ба сарзамини вайроншуда табдил ёфтааст ва мардум иҷоза нахоҳанд дод, ки ҳеч нақшаи кӯчонидани маҷбурӣ иҷро шавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои фаластинӣ ба шабакаи “Ал-Арбия” хабар доданд, ки ба зудӣ дар Қоҳира нишасти фарогири гурӯҳҳои фаластинӣ, аз ҷумла Фатҳ ва Ҳамос, баргузор хоҳад шуд, то дар бораи ояндаи Навори Ғазза ва поёни ихтилофҳои сиёсӣ қарор қабул шавад. Ҳадафи ин нишаст барнома‌резӣ барои давраи пас аз ҷанг ва баррасии масъалаи ояндаи Фаластин гуфта мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.