27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
11.10.2025 09:25

Ӯзбекистон мизбони бузургтарин ҳамоиши ҷаҳонии соҳаи кайҳон дар соли 2028 мешавад

Ӯзбекистон барои соли 2028 мизбонии “Конгресси байналмилалии кайҳоннавардӣ” (IAC) интихоб шуд ва дар ин замина ҳадафҳои баландпарвозонаи худро дар соҳаи илм ва технологияҳои кайҳонӣ амалӣ мекунад.

Шаҳри таърихии Самарқанд, ки дар асри XV бо обсерваторияи маъруфаш яке аз марказҳои пешрафтаи илм ва астрономия буд, дубора ҳамчун рамзи пешрафти илмӣ ҷилвагар хоҳад шуд.

Ӯзбекистон дар рақобат бо кишварҳое мисли Чин, Ҳинд ва Баҳрайн ба аввалин кишвари Осиёи Марказӣ табдил ёфт, ки чунин чорабинии ҷаҳонӣ дар он баргузор мешавад. Тақдими пешниҳодшудаи ин кишвар эҷоди “шаҳри кайҳонӣ” дар доираи Роҳи Абрешим мебошад, то иштирокдорон дар муҳити илмӣ ва фарҳангӣ фаъолият ва мубодилаи назарҳо кунанд.

Меҳиддин Ибрагимов, муовини мудири Созмони кайҳонии “UzbekKosmos” дар ин бора изҳор дошт: “Мақсади мо ҳамоҳангсозии илм ва фарҳанг буд, то Конгресс ба таҷрибае табдил ёбад, на танҳо як конфронс. Лоиҳаи шаҳри кайҳонӣ дар Самарқанд бо таваҷҷуҳи васеъ рӯ ба рӯ шуд”.

Аз таъсиси созмони кайҳонии “UzbekKosmos” дар соли 2019, Ӯзбекистон барномаи кайҳонии худро босуръат васеъ кард. Ин ниҳод аз технологияи тасвирҳои моҳвораӣ барои назорат бар манобеи об, заминҳои кишоварзӣ, ҷангалҳо ва рушди шаҳрӣ истифода мебарад ва ҳатто тағйироти миллиметрӣ дар иншоот ва маҷроҳои обиро муайян мекунад, то аз ба вуҷуд омадани буҳронҳо пешгирӣ шавад.

Соли 2024, низомҳои назоратии ин созмон зиёда аз сад ҳазор ҳолати эҳтимолии вайроншавӣ дар соҳаҳои муҳити зист ва сохтмонро ошкор карданд, ки ба беҳбуди назорат ва идораи устувори захираҳо мусоидат намуд.

Дар канори пешрафтҳои техникӣ, Ӯзбекистон заминаи ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои нав барои рушди фаъолияти кайҳониӣ таъсис дода, истифодаи маълумотҳои моҳвораиро аз соли 2025 қонунӣ кардааст. Ҳукумати ин кишвар инчунин, ба таълим дар соҳаи технологияҳои кайҳонӣ, баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ ва ҷалби донишгоҳҳо ва ширкатҳои хусусӣ ба лоиҳаҳои марбут таваҷҷуҳ дорад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.