Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои стратегиашонро мустаҳкам карданд
Пас аз имзои як қатор санадҳо миёни Тоҷикистону Русия, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин нишасти матбуотӣ доир карданд ва аз натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки гуфтугӯҳои ахир дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ нишондиҳандаи сатҳи баланди муносибатҳо миёни ду кишвар аст. Ӯ таъкид намуд, ки тавофуқот барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи паркҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ заминаи нав барои ҳамкории дуҷонибаро фароҳам меоранд.
Сарвари давлати Тоҷикистон, инчунин, ба рушди ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, фарҳанг, гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва амнияту мудофиа аҳамияти хос дода, аз санадҳои имзошуда ба унвони “такони нав барои ҳамкориҳои гуногунҷанба” ёдовар шуд.
Президенти Тоҷикистон Владимир Путинро барои зиёд кардани квотаҳои таҳсилоти олӣ барои донишҷӯёни тоҷик, бунёди панҷ мактаби русӣ, Маркази кӯдакони болаёқат, кумак дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ ва сохтмони Театри русии драмавии ба номи Маяковский дар Душанбе ситоиш кард.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияти минтақавӣ, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир баҳои баланд доданд.
Владимир Путин зимни изҳороти матбуотӣ барои даъват ва пазироиву меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуда, ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд дод.
Муносибати наздики Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ таъкид шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”