Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Танҳоӣ”-и Нигина Амонқулова - бозгӯяндаи мушкилоти имрӯз
Нигина Амонқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон таронаи навбатиашро бо номи “Танҳоӣ” дар саҳифаи расмиаш дар “YouTube” нашр кард.
Суруди “Танҳоӣ” аз муносибати як ҷуфт қисса мекунад, ки робитаи ошиқона доранд, вале дар охири ҳикоя маълум мегардад, ки ҷавон ҳамсару фарзанд дорад ва назди ҷавондухтар танҳо нақши ошиқи шайдоро бозидааст. Дар намоҳанг нишон дода мешавад, ки чӣ гуна ҷавон бо суханҳои мафтункунанда ба дили ҷавондухтар роҳ меёбад ва гӯё тамоми дунёро пеши пояш мегузорад.
Мавзӯи суруд ва намоҳанг ба замона мувофиқ буда, бояд гуфт, ки дар ҷомеа чунин ҷавонон кам нестанд. Яъне бо ҳар сухани хуш духтаронро фиреб медиҳанд. Дар баробари оиладор буданашон, боз чандин духтаронро умедвор мекунанд.
Дар ин росто, гуфтан бамаврид аст, ки Нигина Амонқулова аз шумори сарояндагони хушноми тоҷик аст, ки дар офаридани таронаҳо, ба маънии шеъру сухан хеле зиёд аҳамият медиҳад ва сурудҳояш паёми амиқ доранд.
Дар таҳияи суруди “Танҳоӣ” Шаҳбоз Туробов, Дилмурод Турдиев ва дигарон саҳм гузоштаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”