Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тими миллии Тоҷикистон муқобили Малдив пирӯзӣ ба даст овард
Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар доираи даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Малдив рақобат кард.
Вохӯрии мазкур бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид. Ҳарчанд бозӣ ба фоидаи тими миллӣ бошад ҳам, футболбозони тоҷик чандон хуб ҳунарнамоӣ накарданд.
Голҳои дидорро Шаҳром Самиев дар дақиқаи 12-ум ва Шервони Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм ба дарвозаи мунтахаби Малдив ворид карданд.
Ҳамин тавр, ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахабҳои Филиппин ва Тоҷикистон бо 7 имтиёзӣ дар ҷойи якуму дуюм қарор гирифтаанд. Тими миллии Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва мунтахаби Малдив бидуни имтиёзе дар мақоми охир қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 боз мунтахабҳои Тоҷикистон ва Малдив бо ҳам рақобат мекунанд, аммо ин навбат дар майдони футболбозони Малдив.
Барои аз гурӯҳ баромадан ва ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан, футболбозони тоҷикро зарур аст, ки дар ҷадвал мақоми якумро интихоб кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ғалаба бар мунтахаби Малдив аввалин пирӯзии тими миллии Тоҷикистон зери сармураббигии Горан Стеванович мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”