27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дар Синамоҷашнвораи байналмилалии II-и Душанбе 16 филми пурра ва 20 филми кӯтоҳ рақобат мекунанд
Тибқи қарори Комиссияи интихоби филмҳои Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» аз миёни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” иттилоъ медиҳад, ки дар озмуни филмҳои ҳунарии пурра аз Русия 2 филм, аз Ӯзбекистон 1 филм, аз Туркманистон 1 филм, аз Тоҷикистон 4 филм, аз Қирғизистон 1 филм, аз Муғулистон 1 филм, аз Беларус 1 филм, аз Ҳиндустон 1 филм, аз Қазоқистон 1 филм, аз Молдова 1 филм, аз Эрон 1 филм ва аз Туркия 1 филм иштирок хоҳанд кард.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар озмуни филмҳои ҳунарии кутоҳ аз Россия 4 филм, аз Эрон 5 филм, аз Ӯзбекистон 2 филм, аз Беларус 1 филм, аз Қирғизистон 2 филм, аз Тоҷикистон 4 филм, аз Озарбойҷон 1 филм, аз Ҳиндустон 1 филм рақобат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, давоми панҷ рӯз дар доираи II Синамоҷшнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» намоиши ғайриозмунии филмҳо дар саросари кишвар дар назар дошта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”